Оғози расман хориҷшавии Британия аз Иттиҳоди Аврупо

Сарвазири Британияи Кабир Тереза Мэй номаи расмиеро, ки Иттиҳоди Аврупоро (ИА) дар бораи омодагии ин кишвар барои оғози гуфтугӯи ихроҷшавӣ аз иттиҳод огаҳ мекунад, имзо кард. Ба иттилои Reuters, хабарнигори он бо нусхаи нома, ки бояд имрӯз ба дасти президенти Шӯрои ИА Доналд Туск бирасад, ошно шудааст. Нуҳ моҳ пеш сокинони Бритониё дар як раъйпурсӣ […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Сарвазири Британияи Кабир Тереза Мэй номаи расмиеро, ки Иттиҳоди Аврупоро (ИА) дар бораи омодагии ин кишвар барои оғози гуфтугӯи ихроҷшавӣ аз иттиҳод огаҳ мекунад, имзо кард.

Ба иттилои Reuters, хабарнигори он бо нусхаи нома, ки бояд имрӯз ба дасти президенти Шӯрои ИА Доналд Туск бирасад, ошно шудааст. Нуҳ моҳ пеш сокинони Бритониё дар як раъйпурсӣ хориҷ шудани кишварашонро аз ИА, ки соли 1973 ба он шомил шуда буданд, ҷонибдорӣ карданд.

Тавре интизор меравад, раванди хориҷшавӣ ду сол идома ёфта, Шоҳигарии Муттаҳида расман моҳи марти соли 2019 ИА-ро тарк хоҳад кард. Раҳбарони ИА мегӯянд, Бритониёро барои ин тасмимаш муҷозот намекунанд, вале дар дохили иттиҳод руҳияи манфие ба вуҷуд омада, намехоҳанд, ки тарки узвият осонтарин роҳи интихоб шумурда шавад.

Доналд Туск баъди гирифтани нома бояд давоми ду рӯз нусхаи қоидаҳои баргузории гуфтушунидро ба 27 узви дигари ИА фиристад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.