Рустами Эмомалӣ номи ТВ «Пойтахт»-ро ба ТВ «Душанбе» иваз кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қарори собиқ раиси пойтахт аз 6 сентябри соли 2006 тағйирот ворид намуда, мувофиқи он номи телевизиони «Пойтахт» ба телевизиони «Душанбе» иваз шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори дигари раиси шаҳр меҳмонхонаи «Пойтахт» низ ба меҳмонхонаи «Душанбе» табдили ном кард. Шабакаи телевизиони «Пойтахт» ҳамчун телевизиони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қарори собиқ раиси пойтахт аз 6 сентябри соли 2006 тағйирот ворид намуда, мувофиқи он номи телевизиони «Пойтахт» ба телевизиони «Душанбе» иваз шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори дигари раиси шаҳр меҳмонхонаи «Пойтахт» низ ба меҳмонхонаи «Душанбе» табдили ном кард.

Шабакаи телевизиони «Пойтахт» ҳамчун телевизиони ҷамъиятӣ аз соли 1996 фаъолият дошта, соли 2006 бо фармони раиси шаҳри Душанбе шабакаи давлатӣ шуд.

Соли 1969 меъмор Вил Шелухин барои таҳияи лоиҳаи меҳмонхонаи он замон бузургтарин ва муосир «Душанбе» дар пойтахти Тоҷикистон бо «Медали тиллоӣ»-и Кумитаи асосии Намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)-и Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.