Дар Тоҷикистон ҳама диктант менависанд. Ҳамроҳ шавед

Тоҷикистон пагоҳ, 8 апрел ба иқдоми бузургмиқёси байнулмилалии таълимии ҳамасола оид ба таҳкими саводнокии «Диктанти фарогир» ҳамроҳ мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии «Россотрудничество» хабар доданд, сокинони шаҳри Душанбе диктантро метавонанд дар Маркази илму фарҳанги Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон навишта, он соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур […]

Asia-Plus

Тоҷикистон пагоҳ, 8 апрел ба иқдоми бузургмиқёси байнулмилалии таълимии ҳамасола оид ба таҳкими саводнокии «Диктанти фарогир» ҳамроҳ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии «Россотрудничество» хабар доданд, сокинони шаҳри Душанбе диктантро метавонанд дар Маркази илму фарҳанги Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон навишта, он соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур дар як вақт дар 10 шаҳри Русия ва кишварҳои хориҷи дуру наздик доир гардида, тариқи шабакаи интернет мустақиман пахш мешавад. Дар ин иқдом тамоми хоҳишмандон, сарфи назар аз синусолу мазҳаб, касбу  кору ақидаҳои сиёсӣ иштирок карда метавонанд.

Шахоне, ки диктант менависанд, метавонанд сертификати нишондиҳандаи сатҳи саводнокии худ аз забони русиро гирифта, афроди ба натиҷаи аъло ноилгардида рӯзи 6 июн дар маросими тантанавии «Рӯзи забони русии Пушкин дар Тоҷикистон» бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Соли 2016 ин иқдом дар 732 шаҳр бо фарогирии 68 кишвар доир гардида, дар он беш аз 145 ҳазор нафар ширкат варзиданд. Иқдом давоми танҳо як рӯз дар саросари дунё гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.