Рустами Эмомалӣ расман раиси пойтахт таъин шуд

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон расман раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Фармон дар ин бора рӯзи 4 апрели имсол содир шудааст. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, қарор аст, Маҷлиси вакилони халқи Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 18 апрели худ ин фармони нав дар бораи мақоми Рустами Эмомалӣ ва инчунин ваколаташ дар маҷлиси […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон расман раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Фармон дар ин бора рӯзи 4 апрели имсол содир шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, қарор аст, Маҷлиси вакилони халқи Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 18 апрели худ ин фармони нав дар бораи мақоми Рустами Эмомалӣ ва инчунин ваколаташ дар маҷлиси шаҳриро тасдиқ кунад.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа Абдулло Холиқов, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот гузориш дода, ҷараёни иҷрои барномаи шаҳрдорӣ барои соли ҷавонон низ баррасӣ хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта Рустами Эмомалӣ аз рӯи натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи интихоботии рақами 25-и шаҳри Душанбе 84,81%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст оварда, баранда эълон шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.