Эҳтимоли аз шаҳрвандии Бритониё маҳрум шудани ҳамсари Башор Асад

Аъзои порлумони Бритониё аз ҳукумати ин кишвар хостанд, то шаҳрвандии ҳамсари президенти Сурия Башор Асад бекор шавад. Порлумон гуфтааст, дар посух ба пуштибонии ҳамсари Башор Асад аз сиёсатҳои ҳукумати шавҳараш ин тасмим рӯи даст гирифта шавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Том Брейк, узви порлумон аз Ҳизби либерал-демократии Бритониё Асмо Асад, ҳамсари Башор […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Аъзои порлумони Бритониё аз ҳукумати ин кишвар хостанд, то шаҳрвандии ҳамсари президенти Сурия Башор Асад бекор шавад. Порлумон гуфтааст, дар посух ба пуштибонии ҳамсари Башор Асад аз сиёсатҳои ҳукумати шавҳараш ин тасмим рӯи даст гирифта шавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Том Брейк, узви порлумон аз Ҳизби либерал-демократии Бритониё Асмо Асад, ҳамсари Башор Асадро бо он айбдор кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз насабаш "низоми ваҳшиёна"-и Сурияро ҳимоят мекунад. Асмо Асад, бонкдори пешин соли 2000-ум ҳамсари Башор Асад шуд. Вай дар Лондон дар хонаводаи зодагони Сурия ба дунё омадааст.

"Агар Асмо аз хунрезиҳои режими Асад пуштибониашро идома диҳад, ҳукумати Бритониё маҷбур мешавад, шаҳрвандии ӯро бекор кунад ва ё исбот намояд, ки амалҳои Асмо ба манфиатҳои асосии Бритониё зарари ҷиддӣ намерасонанд", – гуфтааст Брейк.

Гуфта мешавад, Асмо Асади 41-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз ному насаби воқеияш мухолифони ҳукумати шавҳарашро танқид мекунад. Брейк гуфтааст, бо ирсоли мактуби расмӣ аз вазорати корҳои дохилии Бритониё дархост мекунад, ки шаҳравндии Асмо бекор шавад. Аммо оё ин ниҳод ҳаққи бекор кардани шаҳрвадии Асморо дорад ё не, дақиқ нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.