Маҳфили эҷодии Темур Зулфиқоров дар Душанбе

Asia-Plus

Маҳфили эҷодии Темур Зулфиқоров, нависандаи барҷастаи русзабони тоҷик таҳти унвони «Миндаль в снегу» (Бодом дар барф) рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта дар толори хурди Театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе доир мегардад. Оғози маҳфил соати 17-30 муқаррар шудааст.

Дар маҳфили эҷодии адиб ҳамчунин овозхони соҳибзавқ, сарояндаи романсҳои русӣ Ирина Дмитриева-Ванн низ ширкат меварзад.

Темур Зулфиқоров соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкий аст.

Шоир, нависанда ва драматурги  тоҷик Темур Зулфиқоровро дар Ғарб “Дантеи адабиёти рус” меноманд ва асарҳояш ба даҳҳо забони олам тарҷума шудаву миёни хонандагони рус ва кишварҳои ғарбӣ аз маъруфияти хосса бархӯрдор аст. Муаллифи бештар аз 20 асари назмиву  насрӣ буда, теъдоди нашри китобҳояшро аз 1 миллион нусха бештар арзёбӣ мекунанд.

Вай ҳамчунин муаллифи сенария дар бештар аз 20 филми ҳунарӣ ва мустанад мебошад.

Соҳиби ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла ҷоизаи “Ясная Поляна”, “Беҳтарин китоби сол”, “Антон Делвиг”, «Хартли-Мерилл» (Ҳолливуд, барои беҳтарин сенария) ва ғолиби озмуни “Ҳазрати Пайғамбар (с) раҳмат барои ҷаҳониён” мебошад Ӯ ду бор ба дарёфти Ҷоизаи Нобел пешниҳод шудааст.

Темур Зулфиқоров муддати тӯлонӣ дар шаҳри Маскав кору иқомат дошт. Айни замон ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Яке аз офаридаҳои охирини адиб, ки дар деҳаи Зимчурӯди Варзоб ба риштаи қалам кашида шудаасту ӯ худ моҳҳои ахир он ҷо иқомат дорад, «Под тенью чинары» (Зери сояи чинор) ном дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...