Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон бори нахуст дар замони истиқлолияти Тоҷикистон

Аз 9 то 12 май дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон баргузор мешаванд, ки нахустин чорабинии фарҳангии кишвари ҳамсоя дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа барномаҳои консертии ҳунармандони Ӯзбекистон доир мегарданд. Ба гуфтаи вазир, гурӯҳи санъаткорони Ӯзбекистон, ки ба Душанбе […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз 9 то 12 май дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон баргузор мешаванд, ки нахустин чорабинии фарҳангии кишвари ҳамсоя дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа барномаҳои консертии ҳунармандони Ӯзбекистон доир мегарданд.

Ба гуфтаи вазир, гурӯҳи санъаткорони Ӯзбекистон, ки ба Душанбе меоянд, аз 55 сарояндаву мусиқачиён иборат буда, миёни онҳо овозхонҳои маъруфи барои тоҷикистониён шинос – Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва сарояндаи эстрада Севинч Муминова ҳузур доранд.

Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон шоми 10 май дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барпо мешавад.

Дар доираи Рӯзҳои фрҳанг ҳунармандон ва ходимони санъати кишвари ҳамсоя ба ҷуз консерту дигар намишҳо бо ҳамтоҳои тоҷики худ ва аҳолӣ вохӯриҳо мегузаронанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе маълумот, ба наздикӣ дар Душанбе консерти пуршукӯҳи овозхони маъруфи эстрадаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи апрел дар Душанбе намоиш-ярмаркаи маҳсулоти 160 корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон доир гардид. Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд, ки ба тамоми меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.