Маҳфили эҷодии Темур Зулфиқоров дар Душанбе

Маҳфили эҷодии Темур Зулфиқоров, нависандаи барҷастаи русзабони тоҷик таҳти унвони «Миндаль в снегу» (Бодом дар барф) рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта дар толори хурди Театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе доир мегардад. Оғози маҳфил соати 17-30 муқаррар шудааст. Дар маҳфили эҷодии адиб ҳамчунин овозхони соҳибзавқ, сарояндаи романсҳои русӣ Ирина Дмитриева-Ванн низ ширкат меварзад. Темур Зулфиқоров соли 1936 […]

Asia-Plus

Маҳфили эҷодии Темур Зулфиқоров, нависандаи барҷастаи русзабони тоҷик таҳти унвони «Миндаль в снегу» (Бодом дар барф) рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта дар толори хурди Театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе доир мегардад. Оғози маҳфил соати 17-30 муқаррар шудааст.

Дар маҳфили эҷодии адиб ҳамчунин овозхони соҳибзавқ, сарояндаи романсҳои русӣ Ирина Дмитриева-Ванн низ ширкат меварзад.

Темур Зулфиқоров соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкий аст.

Шоир, нависанда ва драматурги  тоҷик Темур Зулфиқоровро дар Ғарб “Дантеи адабиёти рус” меноманд ва асарҳояш ба даҳҳо забони олам тарҷума шудаву миёни хонандагони рус ва кишварҳои ғарбӣ аз маъруфияти хосса бархӯрдор аст. Муаллифи бештар аз 20 асари назмиву  насрӣ буда, теъдоди нашри китобҳояшро аз 1 миллион нусха бештар арзёбӣ мекунанд.

Вай ҳамчунин муаллифи сенария дар бештар аз 20 филми ҳунарӣ ва мустанад мебошад.

Соҳиби ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла ҷоизаи “Ясная Поляна”, “Беҳтарин китоби сол”, “Антон Делвиг”, «Хартли-Мерилл» (Ҳолливуд, барои беҳтарин сенария) ва ғолиби озмуни “Ҳазрати Пайғамбар (с) раҳмат барои ҷаҳониён” мебошад Ӯ ду бор ба дарёфти Ҷоизаи Нобел пешниҳод шудааст.

Темур Зулфиқоров муддати тӯлонӣ дар шаҳри Маскав кору иқомат дошт. Айни замон ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Яке аз офаридаҳои охирини адиб, ки дар деҳаи Зимчурӯди Варзоб ба риштаи қалам кашида шудаасту ӯ худ моҳҳои ахир он ҷо иқомат дорад, «Под тенью чинары» (Зери сояи чинор) ном дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.