Мусобиқаи байнулмилалии тенниси Tajikistan Open дар Душанбе

Аз 6 то 21 май дар пойтахти Тоҷикистон миёни ҷавонон Мусобиқаи байнулмилалии тенниси Tajikistan Open доир мегардад. Ин мусобиқа бори нахуст ба муносибати Соли ҷавонон бургузор шуда, дар он намояндагони 17 кишвари хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд. Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи байнулмилалии теннис доир гардида, сарпарасти кулли чорабинӣ ва […]

Asia-Plus

Аз 6 то 21 май дар пойтахти Тоҷикистон миёни ҷавонон Мусобиқаи байнулмилалии тенниси Tajikistan Open доир мегардад.

Ин мусобиқа бори нахуст ба муносибати Соли ҷавонон бургузор шуда, дар он намояндагони 17 кишвари хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд.

Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи байнулмилалии теннис доир гардида, сарпарасти кулли чорабинӣ ва яке аз ташкилкунандагони он меҳмонхонаи «Серена Душанбе» мебошад.

Қобили зикр аст, ки бори нахуст Федератсии байнулмилалии тенннис баргузории ин мусобиқаро ба Тоҷикистон бовар карда, ин пеш аз ҳама ба туфайли дастгирӣ аз ҷониби доираҳои тиҷоратӣ ва маҳз меҳмонхонаи «Серена Душанбе» муяссар гардид.

Баргузор намудани мусобиқаҳои байнулмилалӣ дар чунин сатҳ ба пешрафтҳои мусбат дар рушди варзиши кишвар гувоҳӣ дода, ба таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалии варзиш мусоидат мекунад.

Иштироки варзишгарон аз кишварҳои зиёд муҳим будани чорабинии мазкурро таъкид сохта, ба варзишгарони тоҷикистонӣ барои қувваозмоӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳо имкон фароҳам меоварад.

Бешубҳа сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиши ба майдони теннис омада, ҷараёни мусобиқаро тамошо карданианд ва метавон бо итминон гуфт, ки варзишгарон ҳунари ҳирфаии худро намоиш хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.