Овозхони ӯзбек таронаи навашро ба Шавкат Мирзиёев бахшид

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳунарманди синамо ва овозхони 49-солаи ӯзбек Дилфуза Исмоилова таронаи "Бигзор, султони ин сарзамини зебо солим бошад"-ро ба президент Шавкат Мирзиёев бахшид.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, матни суруд ба шоир Тоҳир Муҳаммад ва оҳанги он ба оҳангсоз Рустам Тулашов тааллуқ доранд. Исмоилова мегӯяд, ин тарона моҳи декабри соли 2016, баъди президенти Ӯзбекистон интихоб шудани Мирзиёев "бо амри дил" суруда шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=jZnGv8USTMY

"Ҳамроҳ бо Тоҳир Муҳаммад аз дидани корҳои неки президентамон Шавкат Мирзиёев ба ваҷд омада, таҳияи сурудро оғоз кардем. Тоҳирҷон як матни хуб навишту оҳанги онро Рустам Тулашов сохт ва мо онро моҳи декабр сабт карда, клиперо ҳам ба навор гирифтем ва ба шабакаҳои телевизионӣ пешниҳод кардем", – афзуд Исмоилова.

Узви Иттиҳоди оҳангсозони Ӯзбекистон мусиқишинос Равшанбек Матжонов мегӯяд, дар давраи президенти нахустини ин кишвар Ислом Каримов таҳияи сурудҳои ситоишӣ ташвиқ намешуданд ва ҳатто бархеи овозхонҳо барои ин гуна таронаҳояшон ҷазо мегирифтанд.

"Сурудҳои ситоишӣ ба эфири телевизионҳои асосӣ ва чорабиниҳои расмии консертӣ роҳ намеёфтанд. Мурод Муҳаммад Дӯст, сухангӯи президенти нахустини Ӯзбекистон ва мушовири давлатӣ Хайриддин Султонов хондани ин гуна таронаҳоро манъ карда буданд. Албатта, бархеи сарояндаҳо мехонданд, вале онҳоро ба саҳнаи бузург роҳ намедоданд", изҳор дошт Матжонов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...