«Туҳфа» ба ид. Қиматшавии билетҳои ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Бинобар сабаби бозгашти оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ва болоравии талабот ба билетҳои ҳавопаймоӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи билетҳоро боло бурданд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон тарифҳо ба хатсайрҳо аз Русия ба Тоҷикистонро ба ҳисоби миёна 20%, яъне тақрибан 400 сомонӣ боло бурданд. Ин ба он вобаста аст, ки дар ин вақт аксари муҳоҷирони кории тоҷик барои ҳамроҳи оилаҳояшон ҷашн гирифтани Ид-ал Фитр (Иди Рамазон) ба хонаҳояшон меоянд.

Дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии шаҳри Душанбе, назди бозори Шоҳмансур ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки айни замон нисбат ба сафар аз Душанбе ба Маскав, нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳо аз Маскав ба Душанбе 400 сомонӣ баландтар аст. Ҳамин тариқ, нархи билет аз Маскав ба Душанбе – 2 ҳазору 640 сомонӣ ва аз Душанбе ба Маскав 2 ҳазору 190 сомонӣ арзиш дорад.

«Қиматшавии билетҳои хатсайрҳо ба Тоҷикистон ба бозгашти оммавии муҳоҷирон ба ватан вобаста аст, то ки Иди Рамазонро якҷо бо аҳли оилаашон ҷашн гиранд, – мегӯянд дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои пойтахт. – Баъд аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон нархи билетҳо поин рафта, дар ҳамин ҳол, бозгашти оммавии муҳоҷирон ба Русия оғоз мегардад ва аз эҳтимол дур нест, ки бо ин сабаб нархи билетҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия боло раванд».

Нархи билетҳо ба парвозҳои наздиктарин аз Душанбе ба шаҳри Санкт-Петербург ба ҳарду самт – 5 ҳазор сомонӣ ва ба як самт 2 ҳазору 470 сомониро ташкил медиҳад.

«Нархи баланди ҳозира ба он вобаста аст, ки шумори хоҳишмандони харидани билет ба ҳарду самт низ афзудааст», – гуфтанд дар нуқтаҳои фурӯши билетҳо.

Билет ба хатсайри Душанбе – Екатеринбург ба ҳарду самт 3 ҳазору 960 сомонӣ ва ба як самт – 1980 сомонӣ арзиш дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...