«Туҳфа» ба ид. Қиматшавии билетҳои ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон

Бинобар сабаби бозгашти оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ва болоравии талабот ба билетҳои ҳавопаймоӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи билетҳоро боло бурданд. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон тарифҳо ба хатсайрҳо аз Русия ба Тоҷикистонро ба ҳисоби миёна 20%, яъне тақрибан 400 сомонӣ боло бурданд. Ин ба он вобаста аст, ки […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Бинобар сабаби бозгашти оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ва болоравии талабот ба билетҳои ҳавопаймоӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи билетҳоро боло бурданд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон тарифҳо ба хатсайрҳо аз Русия ба Тоҷикистонро ба ҳисоби миёна 20%, яъне тақрибан 400 сомонӣ боло бурданд. Ин ба он вобаста аст, ки дар ин вақт аксари муҳоҷирони кории тоҷик барои ҳамроҳи оилаҳояшон ҷашн гирифтани Ид-ал Фитр (Иди Рамазон) ба хонаҳояшон меоянд.

Дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии шаҳри Душанбе, назди бозори Шоҳмансур ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки айни замон нисбат ба сафар аз Душанбе ба Маскав, нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳо аз Маскав ба Душанбе 400 сомонӣ баландтар аст. Ҳамин тариқ, нархи билет аз Маскав ба Душанбе – 2 ҳазору 640 сомонӣ ва аз Душанбе ба Маскав 2 ҳазору 190 сомонӣ арзиш дорад.

«Қиматшавии билетҳои хатсайрҳо ба Тоҷикистон ба бозгашти оммавии муҳоҷирон ба ватан вобаста аст, то ки Иди Рамазонро якҷо бо аҳли оилаашон ҷашн гиранд, – мегӯянд дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои пойтахт. – Баъд аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон нархи билетҳо поин рафта, дар ҳамин ҳол, бозгашти оммавии муҳоҷирон ба Русия оғоз мегардад ва аз эҳтимол дур нест, ки бо ин сабаб нархи билетҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия боло раванд».

Нархи билетҳо ба парвозҳои наздиктарин аз Душанбе ба шаҳри Санкт-Петербург ба ҳарду самт – 5 ҳазор сомонӣ ва ба як самт 2 ҳазору 470 сомониро ташкил медиҳад.

«Нархи баланди ҳозира ба он вобаста аст, ки шумори хоҳишмандони харидани билет ба ҳарду самт низ афзудааст», – гуфтанд дар нуқтаҳои фурӯши билетҳо.

Билет ба хатсайри Душанбе – Екатеринбург ба ҳарду самт 3 ҳазору 960 сомонӣ ва ба як самт – 1980 сомонӣ арзиш дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.