Сокини Вахш ошиқи духтарашро дар симчӯб баста, лату кӯб ва ғорат кард

Сокини 46-солаи ноҳияи Вахш ба лату кӯб ва ғорати як ҷавоне гумонбар дониста мешавад, ки барои дидорбинӣ назди духтараш омадааст. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Хуросон сабаби муносибати ошиқона доштанаш бо ҷавондухтари 22-солаи сокини ноҳияи Вахш, ба наздаш ба ин ноҳия рафтааст. «Дар он ҷо падари ҷавондухтар, марди […]

Asia-Plus

Сокини 46-солаи ноҳияи Вахш ба лату кӯб ва ғорати як ҷавоне гумонбар дониста мешавад, ки барои дидорбинӣ назди духтараш омадааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Хуросон сабаби муносибати ошиқона доштанаш бо ҷавондухтари 22-солаи сокини ноҳияи Вахш, ба наздаш ба ин ноҳия рафтааст.

«Дар он ҷо падари ҷавондухтар, марди 46-сола аз муносибати онҳо воқиф шуда, бо ҳамроҳии ҳамдеҳааш, ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия ӯро дар симчӯби саҳни ҳавлиашон баста, лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ 3 ҳазору 170-сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-5”, ҷамъ ба маблағи 4 ҳазору 670-сомониашро тасарруф намудаанд», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, гумонбаршудагон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз ва тафтишоти ин ҳодиса давом дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.