Низомиёни рус дар як манзили Душанбе сӯхторро хомӯш карданд

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи якшанбе сӯхтор дар манзили воқеъ дар кӯчаи ба номи Павел Ханжин, наздикии қисми ҳарбии Русия дар Душанберо хомӯш карданд. Тавре намояндаи расмии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Ярослав Рошупкин хабар дод, посбонони пулиси ҳарбӣ дар ошёнаи 9-уми бино сӯхторро дида, то ҳозир шудани дастаи оташнишонон, ҳудуди 100 […]

Asia-Plus

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи якшанбе сӯхтор дар манзили воқеъ дар кӯчаи ба номи Павел Ханжин, наздикии қисми ҳарбии Русия дар Душанберо хомӯш карданд.

Тавре намояндаи расмии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Ярослав Рошупкин хабар дод, посбонони пулиси ҳарбӣ дар ошёнаи 9-уми бино сӯхторро дида, то ҳозир шудани дастаи оташнишонон, ҳудуди 100 нафар сокинони манзилро ба беруни бино, ба ҷойи бехавф баровардаанд.

Ба гуфтаи Рошупкин, дастаи оташнишонони гарнизон дар фурсати кӯтоҳтарин ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, алангаи оташро хомӯш кардааст.

«Ба туфайли амали мураттаби дастаи оташнишонон, аз таркиши баллонҳои газ дар сӯхтор пешгирӣ шуд», – гуфт намояндаи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар буда, ҷузъу томҳояш дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Мутобиқи Созишномаи моҳи октябри соли 2012 аз ҷониби сарони ҳарду кишвар баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.