«Таҳримҳо»-и нав нисбати автобазаҳои пойтахт

Сарфи назар аз дастурҳои ҳукуматдорони пойтахт, қарору супориш ва таъиноти гуногун, тӯли солҳои истиқлолият мушкили нақлиёти ҷамъиятии шаҳр пурра ҳаллу фасл нашуд. Ин дафъа шаҳрдории пойтахт тасмим гирифт, ки дар 10 хати ҳаракат «моликон»-ро иваз ва то «бартараф кардани камбудиҳо», фаъолияти баъзе автобазаҳро қатъ созад. Бо фарорасии гармӣ арзу шикояти сокинони пойтахт аз фаъолияти нақлиёти […]

Asia-Plus

Сарфи назар аз дастурҳои ҳукуматдорони пойтахт, қарору супориш ва таъиноти гуногун, тӯли солҳои истиқлолият мушкили нақлиёти ҷамъиятии шаҳр пурра ҳаллу фасл нашуд.

Ин дафъа шаҳрдории пойтахт тасмим гирифт, ки дар 10 хати ҳаракат «моликон»-ро иваз ва то «бартараф кардани камбудиҳо», фаъолияти баъзе автобазаҳро қатъ созад.

Бо фарорасии гармӣ арзу шикояти сокинони пойтахт аз фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ ҳарчи бештар мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ дар ин росто фаъолияти 8 ширкати нақлиётиро мутаваққиф сохта, танзими 10 хати ҳаракати хатсайрҳоро ба ихтиёри дигар ширкатҳои амалкунанда дод.

Ҳамин тариқ, ҶДММ «Лесинвест» – хатсайри №13, ҶДММ «Роҳи тиллоӣ» – №6, ҶДММ «Лоҷувард» – №38, ҶДММ «Нури Истиқлол» – №11, ҶДММ «Шоҳроҳи Абрешим-1» – №16, ҶДММ «Автотранс» – №5, №5а, 35, ҶДММ «Маҳин» -№16, ҶДММ «Шоҳроҳи Бадахшон» – №1.

Ҳамарӯза дар роҳҳои пойтахт беш аз 3 ҳазор воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба мардум хизматрасонӣ мекунанд, ки аз 160 автобус, 73 троллейбус, 28 микроавтобуси муталлиқ ба бахши коммуналии шаҳр ва ҳамчунин 1990 микроавтобуси ширкатҳои хусусӣ иборатанд.

Тайи солҳои охир доир ба мушкилоти ҷиддӣ дар кори нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ва зарурати ҳарчи зудтар ҳал кардани он қариб ҳама изҳори назар мекунанд.

Вале магар аз ивазшавии ҷойи ҷамъшаванда ҳосили ҷамъ тағйир меёбад?

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.