Қадамҷон Сафизода 8,5 солро дар зиндон паси сар мекунад

Собиқ корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Қадамҷон Сафизода 8,5 соли ояндаро пушти панҷара паси сар мекунад. Рӯзи 14 июн суд 7 нафар мардонро дар даст задан ба соҳибкории ғайриқонунӣ айбдор дониста, онҳоро ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард. Ҳамин тавр, бо ҳалномаи суд Қадамҷон Сафизода ва Парвиз Назаров ба 15 соли зиндон маҳкум шуда, бар […]

Asia-Plus

Собиқ корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Қадамҷон Сафизода 8,5 соли ояндаро пушти панҷара паси сар мекунад.

Рӯзи 14 июн суд 7 нафар мардонро дар даст задан ба соҳибкории ғайриқонунӣ айбдор дониста, онҳоро ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард.

Ҳамин тавр, бо ҳалномаи суд Қадамҷон Сафизода ва Парвиз Назаров ба 15 соли зиндон маҳкум шуда, бар асоси қонун дар бораи авф муҳлати ҷазои онҳо то 10 сол кам шуд ва бо назардошти муддати 1 солу 4 моҳ дар боздоштгоҳ қарор доштанашон, муҳлати боқимондаи ҷазо – 8 солу 8 моҳро онҳо дар зиндони низомаш шадид паси сар мекунанд.

Айбдоршудагони дигар – Фурқат Раззоқов, Владимир Бобоев, Зуҳайл Сангинов ва Арслон Маҳкамов, ки ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд, бо татбиқи қонуни авф муҳлати ҷазояшон то 8 сол кам шуд. Ҳикматулло Хоҷаев ба 12 соли зиндон маҳкум шуда, бар асоси қонуни авф 7 сол дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.