Боздошти 28 нафар шахсони мавриди пайгарди байнулмилалӣ дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Муддати ду ҳафта дар ҷараёни амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон 28 нафар шахсони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта боздошт ва 32 адад силоҳи оташфишон аз муомилот мусодира шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи аввали амалиёти махсуси «Нелегал-2017», ки аз охири май то нимаи моҳи июн доир гардид, кормандони ҳифзи ҳуқуқ 20 нафар шаҳрвандони хориҷиро барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда, 32 адад силоҳи оташфишонро мусодира ва 28 нафар шахсони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордоштаро боздошт намуданд.

Қобили зикр аст, ки амалиёти «Нелегал» ҳамасола дар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ду марҳила – аввали тобистон ва тирамоҳ гузаронида мешавад.

Дар марҳилаи аввали амалиёт дар минтақаҳои Тоҷикистон тамоми ширкатҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд, аз ҷумла 55 ширкати сохтмонӣ ва 67 марказҳои бузурги савдо мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни санҷишҳои мазкур 120 ҳолати ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон бидуни риояи қонунгузории кишвар ошкор карда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...