Фурӯши ҳавопаймоҳои қиркунандаи F-15 -и ИМА ба Қатар ба маблағи 12 млрд. доллар

Asia-Plus

Миёни Қатар ва ИМА доир ба фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии қиркунандаи F-15 ба ин кишвари арабӣ ба маблағи умумии 12 млрд. доллар созишнома ба имзо расид.

Бино ба маълумоти Би-Би-Си, вазири мудофиаи ИМА Ҷеймс Мэттис дар вохӯрӣ бо ҳамтои худ аз Қатар дар Вашингтон ин муомилотро ниҳоӣ кардааст.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш президенти ИМА Доналд Трамп яке аз иттифоқчиёни бузурги худ – Қатарро ба маблағгузорӣ ба терроризм «дар сатҳи хеле баланд» мутттаҳам карда, ҳукуматдорони Қатар ин иттиҳомро рад карда буданд.

Қобили зикр аст, ки бузургтарин пойгоҳи низомии ҳавопаймоии ИМА дар Қатар ҷойгир шудааст, ки дар он ҳудуди 10 ҳазор нафар низомиён хизмат мекунанд. Дар ҳамлаҳои эътилоф ба мавқеъҳои Давлати ислоӣ таҳти сарвари ИМА ин пойгоҳ нақши калидӣ дорад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки охири моҳи май ИМА бо Арабистони Саудӣ дар бораи таҳвили аслиҳа ба ин кишвар ба маблағи 110 млрд. доллар созиш ҳосил карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...