Собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 14 ҳазор доллар пора ва «Тойота» бедарак аст

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. Ӯ ба гирифтани пора гумонбар дониста шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупусяи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники адлия Карим Иброҳимзода дар ин робита ба журналистон хабар дод, ки собиқ раиси ноҳия Маннонзода моҳи марти соли 2014 дар ҳаҷми 14 ҳазор доллар пули нақд ва автомашинаи тамғаи «Тойота Камри»-и арзишаш 26 ҳазор доллар пора гирифтааст.

«Ба ивази ин ӯ дар мавриди масъалаи ҷудо кардани 2,45 га қитъаи замин ба хоҷагии ҶДММ «»Аҳмадов.А» қарори мусбат содир карда,  У.Б., раиси ҳамонвақтаи Ассотсиатсияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Р.Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин муомилот ба сифати миёнарав иштирок кардааст, – гуфт номбурда. –  Ӯ аз шаҳрванд Ш.М. барои таъсиси хоҷагии ёрирасон барои ҶДММ «Аҳмадов. А» 100 ҳазор доллар маблағ гирифта, қисмате аз пулҳо ва автомашинаро ба раиси ноҳия додааст».

Ба гуфтаи ӯ, 1 марти соли 2017 нисбати У.Б., раиси Ассотсиатсияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Р.Набиев мутобиқи моддаи 247 (Қаллобӣ) ва нисбати Абдусамад Маннонзода, собиқ раиси бедаракшудаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутобиқи моддаи 319, қ. 4, банди «Г»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Порагирӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Иброҳимзода ҳамчунин зикр кард, ки собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда, истеҳсолот нисбати парвандаи ӯ алҳол боздошта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...