Стратеги асосии Тоҷикистон ба конфронси Тошканд меравад

Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар дар конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ – афзалияти асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон» иштирок ва суханронӣ мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Душанбе дар ин робита хабар доданд, конфронс рӯзи 11 август дар шаҳри Тошканд доир мегардад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар дар конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ – афзалияти асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон» иштирок ва суханронӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Душанбе дар ин робита хабар доданд, конфронс рӯзи 11 август дар шаҳри Тошканд доир мегардад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ бо Маркази иттилоотиву таҳлилии муносибатҳои байнулмилалӣ, намояндагии Барномаи рушди СММ ва Дафтари Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Тошканд созмон дода мешавад.

Дар конфронс доир ба мазмун ва мундариҷаи сиёсати муосири минтақавии Ӯзбекистон, ки ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ бо кишварҳои ҳамсоя нигаронида шудааст, маълумот дода шуда, ҳамчунин атрофи мавқеъ ва тарзу усули муносибати кишвар дар робита ба масъалаҳои калдиии таъмини амният ва рушди босубот дар минтақа табодули назар сурат мегирад.

Ба ин чорабинӣ вакилони парлумони Ӯзбекистон, коршиносону таҳлилгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагиҳои дипломатии муқими Тошканд, сафирони Ӯзбекистон дар ҳамсояикшварҳо, намояндагони вазорату идораҳо, марказҳои илмиву таҳлилии кишвар ва ҳамчунин рӯзноманигорон даъват шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.