Як ноболиғ дар Суғд барои кордкашӣ боздошт шуд

Date:

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кормандони милитсия як ноболиғро ба гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон гумонбар писарбачаи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 10-уми яке аз муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ мебошад.

«Боздошшуда тахминан соати 22:30-дақиқаи рӯзи 13 август дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Кулангир”, воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров бо марди 32-солаи ҷамоати деҳоти Х.Усмони ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дасташ 4-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...