«Мардуми тоҷику Душанберо дӯст медорам». Татяна Хужина ба Русия баргашт

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон пурра арзиши парвози шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро ҷуброн карда, ба ӯ ва духтарчааш билетҳои нав дод ва субҳи имрӯз онҳо ба Маскав раҳсипор шуданд.

“Аздусар ман Душанберо дӯст медорам, ин шаҳр барои ман ҳамеша зодгоҳи асосӣ боқӣ мемонад, ман мардуми тоҷикро барои меҳрубонӣ ва самимияташон дӯст медорам. Сарфи назар аз воқеае, ки бо ман рух дод, муносибатам нисбати ватанам ва мардуми он тағйир наёфтааст. Тоҷикистонро ҳамеша пазмону ёд хоҳам кард”, – гуфт Татяна Хужина ба “Азия-Плюс” пеш аз парвоз аз Душанбе.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужина ба кӯшиши қочоқи тангаи мисии замони Русияи подшоҳӣ айбдор шуда, ба пардохти 5 ҳазор ҷарима маҳкум шуд. Дар пардохти нисфи маблағи ҷарима ба ӯ раҳбарияти ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон” кумак кард.

Ҳукми суд рӯзи 4 сентябр расман мавриди амал қарор гирифта, ҷарима пардохт ва баёноти тарк накардани маҳалли зист бекор шуд ва баъди ин Хужина Тоҷикистонро тарк кард.

Татяна Хужина дар Душанбе таваллуд шуда, ба воя расидааст. Ду соли охир дар вилояти Ярославли Русия иқомат дорад. Тобистони имсол ба Душанбе ба меҳмонӣ омада, рӯзи 18 июн баргаштанӣ буд, вале ӯро дар фурудгоҳ боздошт ва ба парвозаш иҷоза надоданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...