Парвандаи ҷиноӣ нисбати як сарбоз барои ба бар накардани либоси низомӣ

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон зидди сарбози 18-сола Даниил Исломов, ки бо далели боварҳои динӣ аз пӯшидани либоси низомӣ ва ба даст гирифтани силоҳ худдорӣ мекунад, парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба додгоҳ фиристодааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Исломов пайрави созмони мамнуи динии “Шоҳидони Яҳво” буда, моҳи апрели соли равон аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба хидмати ҳарбӣ дар як қисми низомии шаҳри Қурғонтеппа ҷалб шудааст, вале то ҳол аз пушидани либоси низомӣ бо баҳонаи мазҳабӣ худдорӣ мекунад.

Ҳоло додситонӣ зидди ин ҷавон бар пояи банди 376, қисми 1 (саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хидмати ҳарбӣ бо роҳи фиреб)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айб эълом кардааст.

"То ҳол боре либоси низомӣ ба бар накардааст. Мегӯяд, ки ин дар мазҳаби мо нест ва мо набояд либоси низомӣ пӯшем”, – гуфт додраси додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Алишер Рафиқзода. Ба гуфтаи ӯ, Исломов боздошт нашудааст ва феълан дар қисми ҳарбӣ қарор дорад ва рӯзи мурофиаашро ҳам муайян накардаанд.

Исломов ҳанӯз дар комиссариати ҳарбӣ гуфтааст, ки аз рӯи боварҳои мазҳабиаш наметавонад либоси ҳарбӣ ба бар кунаду силоҳ ба даст бигирад ва бинобар ин ӯро ба хидмати ҳарбии алтернативӣ ҷалб кунанд, то корҳои ғайринизомӣ анҷом диҳад.

Аммо Оксана Исломова, модари Даниил ба хабаргузории мазҳабии “Форум 18” гуфтааст, ки мақомот ин дархости писарашро рад кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...