Лату кӯби мудирони мактаб аз ҷониби раиси яке аз ноҳияҳои Ӯзбекистон дар навори видео

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар сомонаи Kun.uz видеои латту кӯби мудирони мактабҳои миёнаи ноҳияи Сайҳунободи Ӯзбекистон аз тарафи раиси ин ноҳия нашр шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, марде, ки дар ин навор раиси ноҳияи Сайҳунобод Носирҷон Эгамбердиев муаррифӣ мешавад, мудирони мактабҳоро дар як саф қатор карда, лату кӯб мекунад.

"Мудири маорифро монанди саг кашола хоҳам кард. Вале дар асл ту ҳам гунаҳкор ҳастӣ. Барои чӣ ватани худро эҳтиром намекунӣ?", – фарёд мезанад ин мард. Ӯ ба рӯи яке аз мудирони мактабҳо торсакӣ зада, бо дашному таҳқир дод мезанад, ки "магар истиқлоли давлат истиқлоли шумо нест?! Магар он барои шумо ҷашн нест?!".

https://www.youtube.com/watch?v=I-V3JYLPquw

Kun.uz бо истинод ба манбаи худ мегӯяд, қарор буд Рӯзи истиқлоли Ӯзбекистон дар ноҳияи Сайҳунобод 25 августи соли равон таҷлил карда шавад, вале онро ба рӯзи 27 август ба таъхир андохтанд.

"Дар натиҷа бархе аз мудирони мактабҳо натавонистанд, дубора барои ҷашн, ки ба рӯзи дигар гузошта шуд, одамони худро ҷамъ кунанд. 27 август дар чорабинии бахшида ба Рӯзи истиқлол шумори ками одамон иштирок кард ва раиси вилоят Эгамбердиевро барои дар сатҳи паст таҷлил кардани Рӯзи истиқлол танбеҳ дод ва раиси ноҳия ҳам аз мудирони мактабҳо "қасос" гирифт", – навиштааст Kun.uz.

Носирҷон Эгамбердиев моҳи октябри соли 2016 раиси ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон таъйин шуд. То он замон, ӯ сардори Идораи таҳсилоти махсуси миёна ва касбии вилоят буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...