Аз садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 6 кас ҳалок шуд

Дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар қаламрави ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан рӯзи 20 сентябр садамаи нақлиёт рух дод, ки ҷони 6 касро рабуд. Бино ба иттилои дафтари марбути ВКД Тоҷикистон, автомашинаи тамғаи «Опел», таҳти идораи сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Наимҷон Юсуфов бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи «Либеро», таҳти идораи сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд бармехӯрад. […]

Дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар қаламрави ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан рӯзи 20 сентябр садамаи нақлиёт рух дод, ки ҷони 6 касро рабуд.

Бино ба иттилои дафтари марбути ВКД Тоҷикистон, автомашинаи тамғаи «Опел», таҳти идораи сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Наимҷон Юсуфов бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи «Либеро», таҳти идораи сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд бармехӯрад.

Гуфта мешавад, ин замон ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанган», сокини 50-солаи ноҳияи Фархор барои аз бархӯрд ба ин автомашинаҳои канор гирифтани воситаи нақлиёташ, дар паҳлӯи роҳ хараробаро пахш мекунад, ки сокини 28-солаи маҳаллӣ Фахриддин Усмонов дар ҷойи ҳодиса дар он ба ҳалокат мерасад.

Зимнан зикр мегардад, ки бар асари ин ҳодиса ронадагони автомашинаҳои «Опел» ва «Либеро», ҳамчунин се нафар мусофирони онҳо ҳалок ва боқимонда ҷароҳатбардоштагон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.