Оғози мурофиаи муноқишаи дастаҷамъона дар оромгоҳи Хованское

Дар Маскав оид ба баррасии парвандаи муноқишаи дастаҷамъона дар оромгоҳи Хованское моҳи майи соли гузашта мурофиаи додгоҳӣ оғоз гардид. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии «5 канал», дар курсии айбдорӣ 5 нафар тоҷикистониёни муҳоҷир қарор доранд, ки ба авбошӣ ва зиён расонидан ба автомобилҳо гумонбар дониста мешаванд. Зиёни ба автомобилҳо расида 660 ҳазор рубл арзёбӣ мешавад. […]

asia+, asia+

Дар Маскав оид ба баррасии парвандаи муноқишаи дастаҷамъона дар оромгоҳи Хованское моҳи майи соли гузашта мурофиаи додгоҳӣ оғоз гардид.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии «5 канал», дар курсии айбдорӣ 5 нафар тоҷикистониёни муҳоҷир қарор доранд, ки ба авбошӣ ва зиён расонидан ба автомобилҳо гумонбар дониста мешаванд. Зиёни ба автомобилҳо расида 660 ҳазор рубл арзёбӣ мешавад.

Ба ҷуз муҳоҷирон, аз рӯйи ин парванда ба 16 нафар айбнома пешниҳод гардидааст, ки миёни онҳо метавон бахусус сардори шуъбаи хизматгузории дафни №3-и Муассисаи давлатии буҷетии «Ритуал»-и Маскав Юрий Чабуев, собиқ корманди пулис Никита Мошенко ва ҳамраиси ташкилоти «Зодоровая нация» Александр Бочарниковро зикр кард. Онҳо ба ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ айбдор карда мешаванд.

Тибқи маълумоти «Вести», аз шумори умумии 200-300 нафари иштирокчиёни занозанӣ дар оромгоҳ алҳол танҳо 5 нафар муҳоҷирон дар курсии айбдорӣ қарор доранд, ки он рӯз ба нигоҳубини қабрҳо машғул буданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 майи соли 2016 бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар ҳалок ва беш аз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба эҳтимоли мақомоти тафтишот, ҷанҷолу занозанӣ бо ҳадафи аз қаламрави оромгоҳи Хованское берун кардани муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.