Бозиҳои осиёӣ: 18 медали варзишгарони тоҷик, вале бидуни тилло

Дар рӯзи панҷуми Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти гуштини камарбандӣ (тарзи классикӣ), таеквандо WTF, муайтай, баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва велосипедронӣ иштирок карда, соҳиби боз 4 медали биринҷӣ гардиданд. Дар намуди гуштини камарбандӣ аз ҷумҳурии мо 10 варзишгар – Мария Седунова (-70 кг) миёни бонувон ва […]

Маркази матбуоти КМО Тоҷикистон

Дар рӯзи панҷуми Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти гуштини камарбандӣ (тарзи классикӣ), таеквандо WTF, муайтай, баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва велосипедронӣ иштирок карда, соҳиби боз 4 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар намуди гуштини камарбандӣ аз ҷумҳурии мо 10 варзишгар – Мария Седунова (-70 кг) миёни бонувон ва миёни мардон Акрамхуҷа Тошмуротов (-70 кг), Рӯзибой Сафаров (-80 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Тошзода Муҳаммадғуфрон (-70 кг), Абдусалом Саломов (-100 кг), Хуршед Шарипов (-90 кг), Маҳмад Миров (+100 кг), Достонбек Почоев (-90 кг) ва Худоёр Раҷабзода (-65 кг) вориди рақобат шуданд.

Аз миёни онҳо Худоёр Раҷабзода, Достонбек Почоев ва Маҳмад Миров ба гирифтани медали биринҷии бозиҳо сазовор гардиданд. Ёдовар мешавем, ки Маҳмад Миров медали дуюми биринҷӣ ба даст овард. Ӯ ду рӯз пеш дар гуштини анъанавӣ низ сазовори ҷои сеюм шуда буд.

Як медали дигарро Давлат Болтаев (-86 кг) дар намуди муайтай сазовор шуд. Давлат, ки дирӯз дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари мизбон Ялкапбердӣ Таҷенов ғалаба карда буд, дар даври чорякфинал аз намояндаи Ироқ Шаҳез Фозил мағлуб гардида, сазовори ҷои сеюм шуд.

Ҳамин тариқ шумораи медалҳои Тоҷикистон дар бозиҳо ба 18 адад расид: 1 нуқра ва 17 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар мақоми 25 мебошад.

Ҷои аввалро то имрӯз кишвари мизбон – Туркманистон ишғол кардааст. Варзишгарони туркманистонӣ то имрӯз 127 медал (53 тилло, 37 нуқра, 37 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 39 медал (10 тилло, 6 нуқра, 23 биринҷӣ) дар мақоми дуюм аст. Узбекистон бо 57 медал (7 тилло, 16 нуқра, 34 биринҷӣ) дар ҷои сеюм қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.