Кореяи Шимолӣ суханронии Трампро ба «саги аккосӣ» баробар донист

Вазири корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ Ри Йонг Хо президенти ИМА Доналд Трампро баъди суханрониаш дар Маҷмаи умумии СММ, ки гуфт, дар сурати таҳдид шудани ИМА аз сӯи Куриёи Шимолӣ ин кишварро "комилан нобуд" мекунад, ба "саги аккосӣ" баробар кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ри Йонг Хо суханронии Трампро "овози аккосзании саг" […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазири корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ Ри Йонг Хо президенти ИМА Доналд Трампро баъди суханрониаш дар Маҷмаи умумии СММ, ки гуфт, дар сурати таҳдид шудани ИМА аз сӯи Куриёи Шимолӣ ин кишварро "комилан нобуд" мекунад, ба "саги аккосӣ" баробар кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ри Йонг Хо суханронии Трампро "овози аккосзании саг" номид.

Гуфта мешавад, дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар Ню-Йорк, назди бинои СММ, вазири корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ масалеро ёдовар шуд: "Ҳатто ҳангоми ҷакидани сагҳо низ намоиш идома меёбад". "Агар Трамп фикр мекунад, ки бо садои сагона моро ба тааҷҷуб меорад, пас вай воқеан хаёлпарварӣ кардааст"..

Ба суоли хабарнигорон дар бораи ин ки назараш нисбати "мушакбар" номидани роҳбари Кореияи Шимолӣ Ким Чен Ин аз сӯи Доналд Трамп чист, вай гуфт: "Ҳайфи ёварони вай".

Қобили зикр аст, ки Кореяи Шимолӣ рӯзи 3 сентябр сеюмин ва бузургтарин озмоиши ҳастаияшро анҷом дод ва соли ҷорӣ чандин мушак, аз ҷумла мушакҳои болдори байниқоравӣ ва ду мушаки дигар, ки аз болои Ҷопон парвоз карданд, партоб кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.