Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябр бо соҳибкорону тоҷирони ватанӣ мулоқот мекунад. Ба соҳибкорону тоҷирон таҳияи ақидаву пешниҳодҳо барои вохӯрӣ тавсия дода мешавад.
Ин вохӯрии Сарвари давлат маъмулан дар остонаи ҷашни Рӯзи соҳибкорон доир мегардад, ки ҳамасола санаи 14 октябр таҷлил мегардад. Зимни мулоқоти мазкур масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи соҳибкорону тоҷирони кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар робита ба ин вохӯрӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз соҳибкорону тоҷирони кишвар дархост кардаанд, ки пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои худро то 30 сентябри соли ҷорӣ ба онҳо ирсол намоянд.
Дар ин чорабинӣ баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, саноат, зербино ва ҳамчунин соҳаҳои молия ва бонкӣ дар назар аст.
Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон барои мулоқот бо соҳибкорону тоҷирон имкон надошт, зеро дар Ереван дар вохӯрии сарони кишварҳои узви СААД иштирок кард. Дар вохӯрии соли гузашта Сарвари давлатро сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода иваз кард.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


