Боздошти имомхатиб ба гумони узвият дар равияи «Салафия»

Ба гумони узвият дар равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» яке аз имомхатибони масҷиди намози панҷгонаи вилояти Суғд боздошт шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, имомхатиби боздоштшудаи шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) Илҳомиддин Абдуллоеви 42-сола натанҳо худаш узви равияи «Салафия» будааст, балки дигар ибодаткунандагони масҷидро низ […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Ба гумони узвият дар равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» яке аз имомхатибони масҷиди намози панҷгонаи вилояти Суғд боздошт шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, имомхатиби боздоштшудаи шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) Илҳомиддин Абдуллоеви 42-сола натанҳо худаш узви равияи «Салафия» будааст, балки дигар ибодаткунандагони масҷидро низ ба пйавастан ба ин ҳаракат талқин мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбати Илҳомиддин Абдуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,  гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.