Дар хонаи миллиардер Алишер Усмонов дар шаҳри Тошканд рӯзи 27-уми сентябр тӯйи пурдабдабае бо ҳузури овозхонҳои маъруфи Русия баргузор шуд.
Ҷияни Усмонов – Сарвар (писари хоҳари хурдии миллиардер) бо духтари сиёсатмадор ва собиқ номзад ба мансаби президентии кишвар Дилором Тошмуҳаммедова издивоҷ кард.
https://www.youtube.com/watch?v=ftD-hBvhii0
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар замони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Ӯзбекистон робитаи хубу наздики олигархҳои ӯзбек бо намояндагони мақомот мушоҳида намешуд.



