Медали тиллои Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Тошканд

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байнулмилалии силсилаи Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Ин мусобиқа бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми умумии 100 ҳазор доллар рӯзҳои 6-8 октябр дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, то вохӯрии финалӣ Комроншоҳ дар қувваозмоиҳо бар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байнулмилалии силсилаи Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Ин мусобиқа бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми умумии 100 ҳазор доллар рӯзҳои 6-8 октябр дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, то вохӯрии финалӣ Комроншоҳ дар қувваозмоиҳо бар варзишгарони ӯзбек Достон Маллаев ва Дониёр Имомов дар вазни то 90 кило ғолиб омад.

Дар қувваозмоии финалӣ низ гуштигири тоҷик боз як нафар аз намояндагони кишвари мизбон – Дилшод Чориевро мағлуб кард. Ба ҷуз медали тилло, ба Комроншоҳи Устопириён боз 3 ҳазор доллар мукофотпулӣ инъом шуд.

Қобили зикр аст, ки ба ғайр аз Комроншоҳи Устопириён дар ин мусобиқа боз 8 гуштигири тоҷик низ ширкат варзида, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.