Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардӣ изҳор кард

Дар паёми тасаллияти Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад: «Бо эҳсоси андӯҳи амиқ хабари даргузашти бародари калонии Шумо Нуриддин Раҳмонро қабул кардам». Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба Президенти Тоҷикистон дар робита ба даргузашти бародараш самимона ҳамдардӣ изҳор намудааст. Рӯзи 8 октябр дар мазори Мавлоно […]

Дар паёми тасаллияти Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад: «Бо эҳсоси андӯҳи амиқ хабари даргузашти бародари калонии Шумо Нуриддин Раҳмонро қабул кардам».

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба Президенти Тоҷикистон дар робита ба даргузашти бародараш самимона ҳамдардӣ изҳор намудааст.

Рӯзи 8 октябр дар мазори Мавлоно Тоҷиддини ноҳияи Данғара маросими ҷанозаи Нуриддин Раҳмон (Нуриддин Раҳмонов), бародари 67-солаи Президенти Тоҷикистон доир гардид. Ӯ дар канори қабри волидонаш ба хок супурда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи хонаводааш дар ин маросим иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, Нуриддин Раҳмон бар асари сактаи қалб даргузашт. Дар маросими ҷаноза намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ ҳузур доштанд. Ҳеҷ гуна ҷамъомади видоъ баргузор нашуда, маросим хокосрона гузашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзи 7 -уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз таппидан боз монд.

Нуриддин Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон"-ро ба уҳда доштанд.

Зикр мегардад, ки шодравон бо хислатҳои некӣ инсонияшон дар ёди дӯстону наздикон абадӣ боқӣ мемонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бародари марҳум-Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.