Иҷозаи ҳар ним сол рухсатӣ ба сарбозони оиладор

Ба сарбозони оиладори хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон минбаъд ҳар ним сол рухсатӣ пешбинӣ мешавад. Муддати то 1 моҳ онҳо метавонанд назди аҳли оилаи худ қарор дошта бошанд. Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз, 11 октябр дар ин хусус ба қонун «Дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ» тағйироти дахлдор қабул кард. Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба сарбозони оиладори хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон минбаъд ҳар ним сол рухсатӣ пешбинӣ мешавад. Муддати то 1 моҳ онҳо метавонанд назди аҳли оилаи худ қарор дошта бошанд.

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз, 11 октябр дар ин хусус ба қонун «Дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ» тағйироти дахлдор қабул кард.

Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, муовини аввали вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода қайд кард, ки лоиҳаи тағйирот ба қонуни мазкур бо дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Озода Раҳмон таҳия шудааст.

Мутобиқи ин тағйирот, ба сарбозони қаториву сержантҳо, ки никоҳи қонунӣ доранд, ҳар як шаш моҳи муддати хизмат мутаносибан ба рухсатии давомнокиаш аз 20 то 30 шабонарӯз ҳуқуқ дода шуда, харҷи роҳкироро қисми низомӣ пардохт мекунад.

Собирзода қайд кард, ки ба хотири кам кардани хароҷот, тадбире пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он хизматчиёни ҳарбии оиладор бояд дар ҳудуди то 100 километр аз назди хонаашон адои хизмат кунанд.

Ӯ таъкид дошт, ки бар асоси фармони вазири мудофиа, сарбозони оиладор ва хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунин ҳар моҳ ду маротиба ба озод будан аз хизмат ҳуқуқ доранд.

Ғайр аз ин, гуфт муовини аввали вазири мудофиа, дар ҳар як қисми низомӣ ҳуҷраҳои дидор вуҷуд доранд, ки муддати як шабонарӯз ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ бо шавҳарони худ дар он зиндагӣ карда метавонанд.

Номбурда зикр кард, ки дар сурати таваллуди фарзанди дуюм, сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз хизмат озод мешаванд, зеро мувофиқи қонунгузории амалкунанда, шаҳрвандони дорои ду фарзанд аз хизмати ҳарбӣ озоданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.