Гумонбарии котиби суди шаҳри Ҳисор ба порагирӣ

Котиби суди шаҳри Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзода ба гумони порагирӣ боздошт шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, як мард ба Агентӣ муроҷиат намуда изҳор доштааст, ки котиби суди шаҳри Ҳисор бо номи “Ҷаҳонгир” ба боварии ӯ даромада, барои ба манфиаташ ҳал кардани баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ қаблан маблағи 4 ҳазор сомонӣ фиреб карда гирифта, […]

Asia-Plus

Котиби суди шаҳри Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзода ба гумони порагирӣ боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, як мард ба Агентӣ муроҷиат намуда изҳор доштааст, ки котиби суди шаҳри Ҳисор бо номи “Ҷаҳонгир” ба боварии ӯ даромада, барои ба манфиаташ ҳал кардани баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ қаблан маблағи 4 ҳазор сомонӣ фиреб карда гирифта, боз овардани маблағи 4,5 ҳазор сомониро талаб карда истодааст.

«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҷаҳонгир Суҳробзода зимни гирифтани маблағи 4,5 ҳазор сомонӣ аз ин мард дастгир карда шуда, ин маблағ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира шуд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати котиби суди ноҳияи Ҳисор Суҳробзода Ҷаҳонгир бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.