Нисбати заминфурӯшон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳукм содир шуд

Asia-Plus

Суди ноҳияи Рӯдакӣ як гурӯҳ заминфурӯшон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии  стансияи давлатии озмоиши  мошинаҳои Тоҷикистони Вазорати кишоварзӣ Ҳ.Раҳимовро ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Ҳ.Раҳимов (роҳбари ин муассиса аз охири соли 1995) бо ҳаммаслаконаш О.Садриддинов, О.Шарофутдинов, И.Убайдов ва С.Мирзоев дар 73 далели фурӯши қитъаҳои замин бо майдони умумии 7,43 гектар дар ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор эътироф шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби суд исбот шудааст, ки шаҳрвандони номбурда аз фурӯши қитъаҳои замин дар маҷмӯъ 245,5 ҳазор доллар ва 13 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ба даст овардаанд.

Суд Ҳ.Раҳимовро ба 25 соли зиндон, О.Садриддиновро – ба 24 сол, О.Шарофутдиновро – ба 16 сол, С.Мирзоевро – ба 8 сол ва И.Убайдовро – ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи октяр дар ин робита изҳор намуда буд, ки тӯли 20 соли охир қариб 2,5 ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.

«Аз ҷониби ситоди Прокуратураи генералӣ оид ба 960 ҳолати хариду фурӯши замин ба маблағи 45 миллион сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, – гуфт Президент. – Умуман, дар ду солу нуҳ моҳи охир нисбат ба 608 нафар бо зиёда аз 1500 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шудаанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...