Амволи «Тоҷиктрансгаз» ба фурӯш гузошта шуд

Фурӯши амволи «Тоҷиктрансгаз» оғоз гардида, тариқи музояда савдои анборҳои нигаҳдории гази корхона дар наздикии Душанбе ва вилояти Суғд дар назар аст. КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ду анбори нигаҳдории гази моеъ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғдро ба музояда гузоштааст. Нархи аввали […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Фурӯши амволи «Тоҷиктрансгаз» оғоз гардида, тариқи музояда савдои анборҳои нигаҳдории гази корхона дар наздикии Душанбе ва вилояти Суғд дар назар аст.

КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ду анбори нигаҳдории гази моеъ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғдро ба музояда гузоштааст.

Нархи аввали анбори нигаҳдории газ дар ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ – 2,2 млн. сомонӣ ва анбор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 1,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Музоядаҳо санаи 8 ноябр баргузор мешаванд.

Вақте ки мушкилоти воридоти газ аз Ӯзбекистон рӯи кор омад, моҳи январи соли 2009 бо қарори ҳукумат КВД «Тоҷикгаз» ба ҶСК «Тоҷикрансгаз» табдил дода шуд, ки асосан ба тақсимоти гази аз кишвари ҳамсоя воридмешуда машғул буд. Соли 2012 Ӯзбекистон интиқоли газро ба Тоҷикистон пурра қатъ намуд.

Баъди ин «Тоҷиктрансгаз» ба тақсими гази табиии ватанӣ машғул шуд, ки дар ҳаҷми начандон зиёд дар вилояти Хатлон истихроҷ мешавад.

Ҳаҷми солонаи истихроҷи гази табиӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 4 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад. Замонҳои пеш қариб ҳамин қадар ҳаҷм гази табиӣ аз Ӯзбекистон танҳо дар як шабонарӯз ворид мешуд.

Анборҳои холии нигаҳдории газро корхона ба ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба иҷора медод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.