Намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Фаронса, хусусан оид ба намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж, ки соли 2019 баргузор мегардад, суҳбат карданд. Сафири […]

Asia-Plus

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Фаронса, хусусан оид ба намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж, ки соли 2019 баргузор мегардад, суҳбат карданд.

Сафири Фаронса изҳор дошт, ки ман бовар дорам, намоишгоҳи Тоҷикистон дар Париж дар сатҳи олӣ баргузор гашта, аз ҷониби мардуми Фаронса хеле хуш пазируфта хоҳад шуд.

Хонум Ясмин Гуедар изҳор дошт, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд дар доираи салоҳияти кориаш талош хоҳад кард.

– Намоиши мазкур имконияти хубест барои муаррифии фарҳанги Тоҷикистон ва он барои таҳким ва рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид, – қайд намуд Шамсиддин Орумбекзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.