Сарвазири Тоҷикистон ба Тошканд меравад

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аввали моҳи ноябр бо сафари корӣ аз пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд боздид мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Дар доираи сафар ба шаҳри Тошканд Расулзода бо президенти кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов дидору гуфтушунид мекунад. Ҳадафи аслии сафар иштироки […]

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аввали моҳи ноябр бо сафари корӣ аз пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд боздид мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар доираи сафар ба шаҳри Тошканд Расулзода бо президенти кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов дидору гуфтушунид мекунад.

Ҳадафи аслии сафар иштироки Расулзода дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки баргузории он санаи 3 ноябр дар назар аст.

Дар ҷаласаи Шӯро маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳод баррасӣ шуда, оид ба масоили муҳими ҳамкории иқтисодии кишварҳои узви ИДМ табодули назар сурат мегирад. Ҳамчунин санаи баргузории ҷаласаи навбатии минбаъдаи Шӯро низ мувофиқа мешавад.

Ғайр аз ин, дар ҷаласаи мазкур беш аз даҳ лоиҳаи санадҳо, ки ба рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва дигар соҳаҳои ҳамгиройии мутақобила нигаронида шудааст, низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.