Масъалаи гузоштани пайкараи Ислом Каримовро дар Маскав ба раъйпурсӣ гузоштанианд

Asia-Plus

Вакилони ҳавзаи маъмурии Якиманкаи Маскав ҷиҳати мутаваққиф кардани корҳои бунёди муҷассамаи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар гулгашти ҳамном дар Полянка ба ҳукуматдорони пойтахти Русия муроҷиат мекунанд.

Раиси ҳавзаи маъмурии Якиманка Андрей Морев ба «Фергана» дар ин робита иттилоъ додааст, ки доир ба ин масъала дар ҷаласаи шӯрои вакилони ҳавза рӯзи 8 ноябр тасмим гирифта шудааст.

Номбурда гуфтааст, ҳамчунин қарор шудааст, ки соли оянда миёни сокинони ҳавза доир ба муносибаташон ба ин масъала раъйпурсии маҳаллӣ гузаронида шавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар торнамои Change.org аризае таҳти номи "Зидди гузоштани пайкара барои президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар Москва" нашр шуд. Ташаббускори ин иқдом, узви ҳизби ЛПДР Георгий Городетский мегӯяд, дар пойтахти Русия пайкараи "русбадбин ва диктатор" Ислом Каримов гузошта нахоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, вай бар ин назар аст, Русия бояд барои "ӯзбекҳои бефарҳанг, ки бо русӣ навиштаву хонда наметавонанд, виза ҷорӣ кунад". Аз ин ариза бештар аз 6 ҳазор одам ҷонибдорӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки 1 ноябри соли 2016 раиси шаҳри Москва Сергей Собянин дар бораи гузоштани пайкараи Ислом Каримов дастур дод. Пайкара бояд то 31 декабри соли 2019 дар наздикии сафорати Ӯзбекистон дар Москва гузошта шавад.

Маблағи харҷи сохтани пайкараро дар ҳаҷми 35 миллион рубл ҷониби Ӯзбекистон ба зима гирифта, аммо корҳои сохтмонӣ ва кабудизоркунии атрофи пайкара аз ҳисоби буҷаи Москва амалӣ мешавад.

Бино бар иттилои мақомоти муҳоҷирати Русия, бештар аз 1 миллион 700 ҳазор ӯзбек дар Русия ба ҳайси муҳоҷир ҳузур доранд ва бештар аз 200 ҳазори дигар ба таври доимӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...