Боздошти котиби коллегияи судии шаҳри Душанбе зимни порагирӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон котиби коллегияи судии суди шаҳри Душанбе Баҳром Кенҷаевро ба гумони порагирӣ боздошт намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, Баҳром Кенҷаев бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои ба фоидаи охирон ҳал намудани баҳси граждании манзили истиқоматӣ 4 ҳазор доллари ИМА талаб […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон котиби коллегияи судии суди шаҳри Душанбе Баҳром Кенҷаевро ба гумони порагирӣ боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, Баҳром Кенҷаев бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои ба фоидаи охирон ҳал намудани баҳси граждании манзили истиқоматӣ 4 ҳазор доллари ИМА талаб намудааст.

«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Баҳром Кенҷаев зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 4 ҳазор доллари ИМА дар шаҳри Душанбе кучаи Ҷ. Расулов дастгир гардида, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбати боздоштшуда бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷазои зиндон ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.