Дар озмуни «Краса Вселенной-2017» тоҷикдухтар пирӯз дониста шуд

Анна Муминова, як модели 26-сола аз Тоҷикистон дар озмуни "Краса Вселенной- 2017” ("Ҳусни дунё-2017”) дар шаҳри Сочи ҷои аввалро ба даст овард. Ин сабқат дар байни зебодухтароне доир шуд, ки ҳанӯз издивоҷ накардаанд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, шоми 10 ноябр даряк маросим дар казинои "Сочи Казино и Курорт” дар шаҳри Сочии Русия […]

Akhbor.com

Анна Муминова, як модели 26-сола аз Тоҷикистон дар озмуни "Краса Вселенной- 2017” ("Ҳусни дунё-2017”) дар шаҳри Сочи ҷои аввалро ба даст овард. Ин сабқат дар байни зебодухтароне доир шуд, ки ҳанӯз издивоҷ накардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, шоми 10 ноябр даряк маросим дар казинои "Сочи Казино и Курорт” дар шаҳри Сочии Русия исми барандагони озмуни байналмилалии "Краса Вселенной- 2017” ("Ҳусни дунё-2017”) эълон шуд.

Гуфта мешавад, ҷои аввал ва унвони "Краса Вселенной- 2017”-ро Анна Муминова аз Тоҷикистон ба даст овард. Татяна Фомичёва аз шаҳри Маскав ҷои дуюм ва унвони "Первая Вице-Краса Вселенной 2017” ва Мария Демидова аз Новокузнетск мақоми сеюм ва унвони "Вторая Вице-Краса Вселенной 2017”-ро дар ин сабқат ба даст оварданд.

Анна Муминова ҳамчун ғолиб узви ҳайъати ҳакамони озмуни "Краса Вселенной- 2018” интихоб шуд. Ин озмун моҳи сентябри соли 2018 дар яке аз машҳуртарин казиноҳои дунё – "Monte Carlo Casino Las Vegas” дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико баргузор хоҳад шуд.

Озмуни "Краса Вселенной- 2017” аз ҷониби маркази продюсерии Леонид Хромов барои духтароне доир мешавад, ки ҳанӯз издивоҷ накардаанд. Дар озмуни имсола довталабон аз 10 кишвар ширкат кардаанд. Се нафаре, ки аз марҳалаи қаблӣ гузаштанд, барои ширкат дар даври ниҳоӣ ба Сочи даъват шуданд.

Анна Муминова, бино ба маълумотномааш, 26 сол дошта, риштаи иқтисодии донишгоҳро хатм кардааст ва ҳамчун модел дар чанд намоиши муд, аз ҷумла International Fashion Week ширкат кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.