Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Яман вохӯрии даври панҷуми марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2019 доир мегардад. Бозӣ соати 16:00 оғоз мегардад. Нархи билетҳо ба ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ – 10 сомонӣ. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Яман вохӯрии даври панҷуми марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2019 доир мегардад. Бозӣ соати 16:00 оғоз мегардад. Нархи билетҳо ба ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ – 10 сомонӣ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8028 сомонӣ;

1 евро – 10.2641 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1460 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1666 — Аввалин ҷарроҳии тиббии хунгузаронӣ дар таърих баргузор шуд.

2001 – Низомиёни амрикоӣ ба Тоҷикистон омаданд. Ҳавопаймои низомиву боркашонии «Геркулес» бо мутахассисони Вазорати мудофиаи ИМА ба майдони ҳавоии пойтахт фуруд омад.

2016 — Хабаргузории мустақили TojNews фаъолияташро қатъ кард.

1847-1931 – Зодрӯзи оҳангсоз, мусиқинавоз ва овозхон Содирхон Бобошарифов.

1973 — Мавлуди журналист Роза Шапошник.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +5+10.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -7-12, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +7+12. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +13+15.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.