Наздиктар ба мардум: панҷараҳои гирду атрофи вазорату идораҳо баргирифта мешаванд

Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон панҷараҳои оҳанини чанде аз вазорату идораҳоро дар Душанбе тадриҷан аз байн мебаранд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар навбати аввал бояд панҷараҳои вазорату идора ва корхонаву ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон, ки бо бунёди ин гуна панҷараҳо дастрасии аҳолӣ ба […]

Asia-Plus

Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон панҷараҳои оҳанини чанде аз вазорату идораҳоро дар Душанбе тадриҷан аз байн мебаранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар навбати аввал бояд панҷараҳои вазорату идора ва корхонаву ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон, ки бо бунёди ин гуна панҷараҳо дастрасии аҳолӣ ба боғу гулгашт ва фаввораҳоро маҳдуд кардаанд, аз байн бардошта мешаванд.

«Дар чаҳорчӯби иҷрои дастури мазкури Сарвари давлат айни замон панҷараи оҳанини гирду атрофи бинои дафтари асосии кории ширкати «Барқи тоҷик» барканда шуд, – гуфт манбаъ. – Қаблан чунин панҷара аз қаламрави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ баргирифта шуд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.