ХБА сустшавии минбаъдаи афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) сустшавии минбаъдаи афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон ва солҳои минбаъда пешгӯӣ мекунад. «Пас аз афзоиши устувор дар соли 2016 интизорӣ меравад, ки дурнамои макроиқтисодӣ барои Тоҷикистон дар соли равон ва минбаъд сусттар мешавад», – қайд мешавад дар иттилоияи Шӯрои иҷроияи ХБА аз рӯи натиҷаҳои машварат бо Тоҷикистон. Мувофиқи пешгӯиҳои Хазина, […]

Asia-Plus

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) сустшавии минбаъдаи афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон ва солҳои минбаъда пешгӯӣ мекунад.

«Пас аз афзоиши устувор дар соли 2016 интизорӣ меравад, ки дурнамои макроиқтисодӣ барои Тоҷикистон дар соли равон ва минбаъд сусттар мешавад», – қайд мешавад дар иттилоияи Шӯрои иҷроияи ХБА аз рӯи натиҷаҳои машварат бо Тоҷикистон.

Мувофиқи пешгӯиҳои Хазина, соли 2017 суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистон то 4,5% сусттар шуда, соли 2018 «дар натиҷаи ҳамгиро шудани хазинаҳои давлатӣ ва коҳиши ҳаҷми қарзҳо», то 4% поин меравад.

«Эҳтимол ислоҳоти сохторӣ, бахусус дар бахши бонкӣ ё корхонаҳои давлатӣ хатарҳо эҷод созанд, ки ба сатҳи афзоиш таъсири манфӣ мерасонад», – пешгӯӣ мекунанд мутахассисони ХБА.

Онҳо бар ин назаранд, ки афзоиши суст дар бозорҳои дар ҳоли рушд қарордошта ба коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо ва сармоягузориҳои мустақими иқтисодӣ боис мегардад. Ғайр аз ин, қайд мешавад, ки хатари пайдо шудани мушкилот бо қарзи хориҷии Тоҷикистон то сатҳи баланд расидааст.

ХБА ба ҳукуматдорони Тоҷикистон роҳандозии сиёсати эҳтиёткоронаи макроиқтисодӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳот, бахусус дар бахши бонкиро тавсия медиҳад. «Ислоҳоти бештар амиқ ва таъҷилӣ бар асоси арзёбии қодир ба фаъолият доштан (ҳаётпазирӣ)-и бонкҳо зарур аст», – таъкид мекунанд дар Хазина.

Зикр мегардад, ки барои таъмини суботи макроиқтисодии Тоҷикистон «дақиқан амалисозии сиёсати идораи хазинаи давлатӣ ва қарзиву пулӣ» пешниҳод мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.