Намоиши сарфаи нерӯи барқ дар мисоли «Хонаи намунавӣ»-и шаҳри Турсунзода

Дар шаҳри Турсунзода корҳои таъмиру азнавсозии зеристгоҳи барқии «Равшан» идома доранд, ки аҳолии наздики 300-ҳазор нафараи шаҳру ноҳияро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Ба гуфтаи сардори идораи «Шабакаи барқи Турсунзода» Салоҳиддин Холиқзода, зеристгоҳи барқии «Равшан» яке аз кӯхнатаринҳо дар ҷумҳурӣ буда, солҳои 50-уми асри гузашта сохта шудааст. «Тайи солҳои охир дар зеристгоҳи барқии «Регар» корҳои […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Турсунзода корҳои таъмиру азнавсозии зеристгоҳи барқии «Равшан» идома доранд, ки аҳолии наздики 300-ҳазор нафараи шаҳру ноҳияро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Ба гуфтаи сардори идораи «Шабакаи барқи Турсунзода» Салоҳиддин Холиқзода, зеристгоҳи барқии «Равшан» яке аз кӯхнатаринҳо дар ҷумҳурӣ буда, солҳои 50-уми асри гузашта сохта шудааст. «Тайи солҳои охир дар зеристгоҳи барқии «Регар» корҳои таъмири бузургмиқёс гузаронида нашудааст», – иброз дошт ӯ.

Номбурда изҳор намуд, ки бо мақсади омодагӣ ба мавсими зимистон дар доираи барномаи таъмиру азнавсозӣ то имрӯз ҳудуди 100 ҳазор метр симҳои алюминӣ иваз ва беш аз 300 адад трансфрматорҳо насб шудаааст.

«Дар яке аз микрорайонҳо лоиҳаи «Хонаи намунавӣ» мавриди амал қарор гирифта, дар он ҳамаи панҷараҳои барқӣ (щит) таъмир ва ҳисобкунакҳои нав насб шуда, сокинон пурра маблағи истифодаи барқро пардохтанд, – гуфт ӯ. – Имсол ба туфайли имконоти пайдошуда метавонем реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ накунем ва тамоми мавсими тирамоҳу зимистон аҳолиро бо барқ таъмин созем».

Холиқзода ҳамчунин қайд кард, ки имсол пардохти маблағи истифдаи барқ низ афзуда, давраи гузаштаи соли 2017 наздики 4 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

«Ҳамзамон талабот ба нерӯи барқ низ афзуда, барои қонеъ кардани он, дар ноҳия нерӯгоҳи барқи обии хурди «Ширкент» амал мекунад, ки бори нахуст замони соҳибистиқлолӣ сарбанди он комилан тоза карда мешавад», – зикр кард сардори идора.

Қобили зикр аст, ки нерӯгоҳи барқи обии хурди «Ширкент» бо иқтидори 576 кВт соли 2011 мавриди истифода қарор гирифта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.