Парлумони Тоҷикистон 1 рӯз ба Хуҷанд мекӯчад

Ҳамаи 63 нафар аъзои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр ба шаҳри Хуҷанд мераванд. Шоми ин рӯз дар Қасри Арбоб маҷлиси тантанавӣ ва консерти устодони санъати ҷумҳурӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон доир мегардад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябр ба Хуҷанд раҳсипор мегардад. Ба ҷуз иштирок дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳамаи 63 нафар аъзои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр ба шаҳри Хуҷанд мераванд.

Шоми ин рӯз дар Қасри Арбоб маҷлиси тантанавӣ ва консерти устодони санъати ҷумҳурӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон доир мегардад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябр ба Хуҷанд раҳсипор мегардад. Ба ҷуз иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ташриф оварда, дар маросимҳои мавриди истифода қарор гирифтани иншооти гуногун иштирок ва бо аҳолӣ вохӯриҳо мегузаронад.

Дар кори конфронс ба ин муносибат дар мавзӯи нақш ва аҳамияти Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аъзои ҳукумат, парлумони ҷумҳурӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва аҳли ҷомеаи кишвар иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор шуд, ки барои ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурӣ замина гузошт. Дар иҷлосияи мазкур истеъфои раисҷумҳури вақт Раҳмон Набиев қабул гардида, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар ин иҷлосия ҳукмронии президентӣ ба ҳокимияти парлумонӣ иваз шуда, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари парлумон ва мутаносибан Сарвари давлат интихоб шуд.

Ин ва дигар қарорҳои дар иҷлосия қабулшуда бо бӯсидани Парчами миллӣ аз ҷониби иштирокчиёни он, аз ҷумла аз тарафи фармондеҳони саҳроии ҳарду ҷониб тасдиқ шуд, ки қонунӣ будани қарорҳоро таъмин кард.

Баъди ин даргириҳо боз чор соли дигар тӯл кашиданд, вале қонунӣ будани қарорҳои дар Қасри Арбоб қабулшуда ҳеҷ гоҳ аз ҷониби мухолифин боиси шубҳа нагардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.