ВКД доир ба боздошти 6 узви ҲНИТ дар Аврупо ва истирдоди онҳо ба Тоҷикистон

Asia-Plus

Тоҷикистон тариқи созмони пулиси байнулмилалӣ – Интерпол 2 ҳазору 528 нафари дар ҷиноятҳои вазнин дастдоштаро мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон кардааст.

Дар мусоҳиба ба нашрияи ҳукумат – «Ҷумҳурият» роҳбари Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД – и Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдуғаффор Азизов дар ин робита изҳор доштааст, ки аз ин шумор – 1873 нафарро аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкил медиҳанд, ки 35 нафараш аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИТ мебошанд.

Номбурда қайд кардааст, ки дар баробари ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, аъзои ҲНИТ, инчунин, дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои дигар, аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор дониста мешаванд.

Генерал таъкид доштааст, ки дар маҷмӯъ, аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 1 ҳазору 610 ҷиноят содир шудааст.

Ӯ изҳор кардааст, ки дар натиҷаи ҷаҳду талошҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Интерпол муяссар гаштааст, ки то ин давра аз давлатҳои Аврупо 6 нафар аъзои ташкилоти террористӣ экстремистии ҲНИТ боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шаванд.

«Ба наздикӣ дар Юнон ҳангоми убури сарҳад ва парвоз ба шаҳри Теҳрон аъзои фаъол ва узви Шӯрои сиёсии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Шоҳнаими Каримӣ (Мирзораҳим Кузов) боздошт шуда, масъалаи ба Тоҷикистон овардани ӯ дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад», – қайд кардааст Азизов.

Дар робита ба сабабҳои дар сомонаи Интерпол ҷой надоштани ному насаби чанде аз афроди мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарордошта, Азизов шарҳ додааст, ки маълумот нисбат ба ҷинояткор бо расмаш дар гӯшаи «Шахсони кофтуковшаванда» гузошта шуда, шакли эълони кофтуков ду намуд аст: ошкоро ва пӯшида.

«Шакли эълони ошкороро ҳама шаҳрвандон дар сомонаи расмии Интерпол (www.interpol.int) дида метавонанд, – зикр кардааст ӯ. – Шакли пӯшидаи эълони кофтуков махфӣ буда, танҳо кормандони Интерполи давлатҳои аъзо ба он дастрасӣ доранд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...