Ҳамлаи тоҷикистонӣ ба корманди ФСБ дар Санкт-Петербург

Рӯзи 22 ноябр як мард вориди даромадгоҳи бинои раёсати ФСБ – Хадамоти федералии амнияти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, воқеъ дар кӯчаи Литейная, 4 шуда, ба як афсари ФСБ дарафтод ва ӯро латукӯб кард. Афсарони дигари ФСБ билофосила ин мардро дастгир карданд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com бо такя ба гузориши нашрияи "Фонтанка”-и чопи […]

Akhbor.com

Рӯзи 22 ноябр як мард вориди даромадгоҳи бинои раёсати ФСБ – Хадамоти федералии амнияти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, воқеъ дар кӯчаи Литейная, 4 шуда, ба як афсари ФСБ дарафтод ва ӯро латукӯб кард. Афсарони дигари ФСБ билофосила ин мардро дастгир карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com бо такя ба гузориши нашрияи "Фонтанка”-и чопи Петербург, тафтиш нишон додааст, ки ҳамлагар шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Муртазо Маҳмудзода буда, аз соли 2014 дар вилояти Калинингради Русия сабти номи расмӣ доштааст. Ӯро бар асоси нақши ангуштонаш, ки дар картотекаи мақомоти интизомӣ вуҷуд дошт, муайян кардаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=zz4DKAHT6TE

Баъди нахустин бозпурсӣ Маҳмудзодаро барои ташхис ба бемористони амрози равонии рақами 6, воқеъ дар соҳили канали Обводной фиристодаанд. Табибон бояд вазъи равонии ин шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кунанд, ки чаро дар дохили бинои ФСБ ба зидди як афсари ин идора мушт бардоштааст?

Ба Муртазо Маҳмудзода бар асоси қисми аввали моддаи 318 барои ҳамла ба намояндаи давлат ҳамчун ҷазо аз ҷарима ба маблағи 200 ҳазор рубл то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар тафтишот ба хулосае бирасад, ки ҳамлаи ӯ ба ҳаёти афсари ФСБ хатар дошт, ҳукмаш бар аосси қисми дуюми моддаи 318 алакай то 10 соли зиндон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.