ВКД доир ба боздошти 6 узви ҲНИТ дар Аврупо ва истирдоди онҳо ба Тоҷикистон

Тоҷикистон тариқи созмони пулиси байнулмилалӣ – Интерпол 2 ҳазору 528 нафари дар ҷиноятҳои вазнин дастдоштаро мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон кардааст. Дар мусоҳиба ба нашрияи ҳукумат – «Ҷумҳурият» роҳбари Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД – и Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдуғаффор Азизов дар ин робита изҳор доштааст, ки аз ин шумор – 1873 нафарро аъзои гурӯҳҳои террористӣ […]

Тоҷикистон тариқи созмони пулиси байнулмилалӣ – Интерпол 2 ҳазору 528 нафари дар ҷиноятҳои вазнин дастдоштаро мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон кардааст.

Дар мусоҳиба ба нашрияи ҳукумат – «Ҷумҳурият» роҳбари Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД – и Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдуғаффор Азизов дар ин робита изҳор доштааст, ки аз ин шумор – 1873 нафарро аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкил медиҳанд, ки 35 нафараш аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИТ мебошанд.

Номбурда қайд кардааст, ки дар баробари ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, аъзои ҲНИТ, инчунин, дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои дигар, аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор дониста мешаванд.

Генерал таъкид доштааст, ки дар маҷмӯъ, аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 1 ҳазору 610 ҷиноят содир шудааст.

Ӯ изҳор кардааст, ки дар натиҷаи ҷаҳду талошҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Интерпол муяссар гаштааст, ки то ин давра аз давлатҳои Аврупо 6 нафар аъзои ташкилоти террористӣ экстремистии ҲНИТ боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шаванд.

«Ба наздикӣ дар Юнон ҳангоми убури сарҳад ва парвоз ба шаҳри Теҳрон аъзои фаъол ва узви Шӯрои сиёсии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Шоҳнаими Каримӣ (Мирзораҳим Кузов) боздошт шуда, масъалаи ба Тоҷикистон овардани ӯ дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад», – қайд кардааст Азизов.

Дар робита ба сабабҳои дар сомонаи Интерпол ҷой надоштани ному насаби чанде аз афроди мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарордошта, Азизов шарҳ додааст, ки маълумот нисбат ба ҷинояткор бо расмаш дар гӯшаи «Шахсони кофтуковшаванда» гузошта шуда, шакли эълони кофтуков ду намуд аст: ошкоро ва пӯшида.

«Шакли эълони ошкороро ҳама шаҳрвандон дар сомонаи расмии Интерпол (www.interpol.int) дида метавонанд, – зикр кардааст ӯ. – Шакли пӯшидаи эълони кофтуков махфӣ буда, танҳо кормандони Интерполи давлатҳои аъзо ба он дастрасӣ доранд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.